Дар САҲА таҳти раёсати Тоҷикистон муқаррарот ва уҳдадориҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи низомӣ-сиёсӣ баррасӣ шуданд

13.06.2019 14:44

12 июни 2019 дар қасри Хофбурги шаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлоси 8-уми солонаи баррасии раванди татбиқи Кодекси рафтори САҲА оид ба ҷанбаҳои низомӣ-сиёсии амният баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур, ки яке аз бандҳои асосии барномаи раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) ба ҳисоб мерафт, дар идомаи ҳафт иҷлоси қаблии солонаи Форум (иптидоан аз соли 2012) сурат гирифт.  

Дар маросими ифтитоҳи иҷлос раиси FSC, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Каландар таъкид кард, ки ҳадафи асосии машваратҳои имсола идомаи баррасии раванди татбиқи муқаррарот ва уҳдадориҳои байнидавлатии кишварҳои САҲА дар соҳаи сиёсӣ-низомӣ мебошад, ки дар Қатъномаи ниҳоии Ҳелсинкӣ (1975), Оинномаи Париж барои Аврупои нав (1990) ва Санади Хелсинкӣ (1992) инъикос ёфтаанд.

Дар ин росто, Раиси FSC тазаккур дод, ки Тоҷикистон ба татбиқи шоистаи Кодекси рафтор аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар мубодилаи солонаи иттилооти низомӣ ширкати фаъол дорад.

Тибқи қарори ин ҳамоиш Тоҷикистон, ба ҳайси кишвари раиси FSC, дар давоми як моҳ гузоришеро дар бораи натиҷаҳои иҷлос бо дарҷи пешниҳод ва тавсияҳои ироашуда таҳия хоҳад кард.

1111.jpg

 

Нигористон

Тақвим