Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Бангладеш

19.06.2019 14:56

19 июни 2019 дар Душанбе Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ Сафири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Теҳрон аст) Маҷибур Раҳмон Буиянро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Бангладеш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Дар он вохӯрӣ ҷонибҳо бо ишора ба мулоқоте, ки байни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш ҷаноби Муҳаммад Абдул Ҳамид дар Душанбе 13 июни 2019 дар ҳошияи Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид, ба аҳаммияти таҳкими ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.

PS7A3915.jpg

PS7A3912.jpg

 

Нигористон

Тақвим