Нишасти коршиносони аршади кишварҳои “Қалби Осиё - раванди Истанбул”

26.06.2019 15:50

25 июни 2019 дар Анқара Нишасти коршиносони аршади кишварҳои “Қалби Осиё - раванди Истанбул” баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он нишаст Сафири Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҷабиён намояндагӣ кард.

Дар чаҳорчӯби нишаст масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаҳои нави  эътимодсозӣ дар  Афғонистон ва дурнамои фаъолиятҳои  “Қалби Осиё - раванди Истанбул” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба мавзӯъҳои мавриди назар Сафир дар суханронии худ баён намуд.

Нигористон

Тақвим