Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Кувайт

28.06.2019 17:53

26 июни 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид баргузор гардид.

Дар доираи мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, саёҳат, сармоягузорӣ, табодули сафарҳои сатҳи баланду олӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим