Супоридани нусхаи эътимоднома

04.07.2019 13:31

1 июли соли 2019 Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Лоусон нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуи судманд намуданд.

Мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ гардиданд.

Дар фароварди суҳбат муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Метю Лоусон барои анҷоми рисолати муҳими дипломатиаш муваффақият орзу намуд.    

S7A4412.jpg

S7A4426.jpg

 

Нигористон

Тақвим