4 июли соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон дар сатҳи сардорони Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти дуюми кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳо дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкориҳои имконпазири дуҷониба бо Афғонистон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.