7 июли 2019 дар Бишкек 15-умин Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд.
Дар рафти нишаст таваҷҷуҳи хоса ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки 17 июни соли 2019 қабул гардид, зоҳир карда шуд.
Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупоро дар чаҳорчӯби Стратегияи нав ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳамдастӣ дар сабуксозии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори минтақа, мудирияти муассири сарҳадот ва рафъи чолишҳои амниятӣ, таъкид намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштаракро қабул намуданд.