Тайи 26 соли охир ҳамкорӣ бо WFP тадриҷан вусъат меёбад. WFP дар бунёд ва таҳкими низоми миллии ҳифзи иҷтимоӣ бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ғизо дар кишвар иқдомҳои назаррас ба амал оварда, инчунин барои таҳкими муқовиматнокии ҷамоатҳои деҳот, ки нисбат ба офатҳои табииву иқтисодии такроршаванда осебпазир мебошанд, фаолиятро идома медиҳад. Инчунин, WFP дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) ба воситаи марказҳои саломатии маҳаллӣ ба волидайн дар масоили коҳиши сатҳи норасоии ғизо миёни кӯдакон кумак менамояд. Ҳамасола зиёда аз 6 000 кӯдак дар кишвар бо барномаи ғизои иловагӣ фаро гирифта мешаванд.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (UN FAO) шомил гардида, ҳамкории худро тавассути Намояндагии он дар шаҳри Душанбе, ки дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UN FAO (моҳи марти 2017 эътибор пайдо намудааст) кушода шудааст, ба роҳ мондааст. Дар солҳои аввали фаъолият UN FAO Тоҷикистонро ҷиҳати гузариш ба ҳаёти осоишта баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дастгирӣ намуда, баъдан самти фаъолияташро барои барқароркунӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо равона кардааст.
UN FAO дар нашри дуюми Китоби Сурхи наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон мусоидат намуд. Нашрияи мазкур 267 намуди растанихо ва 222 намуди ҳайвоноти Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин ташаббуси назаррас бо дархости Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Дар натиҷа 2000 бастаи китоб иборат аз ду ҷилд чоп ва миёни мақомоти марбутаи Тоҷикистон интишор шудааст.
Роҳбарии Намояндагии UN FAO-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиев бар дӯш дорад.