Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) дар доираи татбиқи як қатор барномаҳои гуногунсамта, аз ҷумла ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, таҳкими саломатии модару кӯдак, ба мисли барномаи солимии репродуктивӣ, барномаи пешгирии бемории вараҷа, назорати сил ва HIV/AIDS, бемориҳои ғайримуқаррарӣ ва саломатии равонӣ, ғизо, амнияти озуқаворӣ, инчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ба роҳ мондааст. Барои амалӣ намудани барномаҳои зикршуда Намояндагии WHO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари кишварии WHO дар Тоҷикистон хонум Марта Эверад мебошад.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) шурӯъ аз соли соли 1993 бо таъсиси Намояндагии он ниҳод дар кишвар ва имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF оғоз ёфтааст. Дар доираи барномаҳои мухталиф дар самтҳои нигоҳубини модару кӯдак, таҳсилоти асосии босифат барои ҳама, солимӣ ва иштироки ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак тайи солҳои ахир масъалаҳои муҳим, аз ҷумла афзалиятҳои миллӣ, ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, ба монанди саҳмгузорӣ дар Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 , инчунин авлавиятҳои Ҳукумат ва UNICEF то як андоза ҳалли худро ёфтанд.
Барномаҳои ояндаи UNICEF амалисозии чорабиниҳоро дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти асосӣ ва тавсеаи имкониятҳои онҳо барои амалисозии пурраи нерӯи онҳо бо диққати махсус ба гурӯҳи кӯдакони осебпазир идома хоҳанд дод.
Айни ҳол, UNICEF ҷиҳати таҳияи санади барномаҳои кишварӣ барои солҳои 2023-2026 бо вазорату идораҳои кишвар ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Роҳбари кунунии Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккави мебошад.