Аз солҳои аввали истиқлолият мушкилии беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт. Қобили зикр аст, ки дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ниҳоди “СММ-Занон” (UN Women) ба роҳ мондааст.
“СММ-Занон” Барномаи муштараки СММ оид ба баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занҳо мебошад, ки бо мақсади тезонидани раванди таъмини талабу ниёзи занону духтарон дар саросари ҷаҳон таъсис дода шудааст.
Намояндагии “СММ-Занон” дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила ҷиҳати роҳандозии фаъолияти гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ, додани маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ барои занон, аз ҷумла дар масъалаи ҳуқуқ ба замин ва амволи давлатӣ фаъолият бурда истодааст.
Бо мувофиқаи пурраи мавқеъ дар робита ба афзалиятҳои миллии давлат дар соҳаи рушд барои солҳои 2016-2020, сохтори “СММ-Занон” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ӯҳдадориҳо дар соҳаи баробарии гендерӣ тавассути татбиқи ташаббусҳо дар самти васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодӣ, бартараф кардани зӯроварӣ нисбати занон, сулҳ, бехатарӣ ва омилҳои гендерӣ дар фаъолияти гуманитарӣ кӯмак мерасонад.