18 июли 2019 дар Душанбе вохӯрии Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Баҳодур бо Директори Департаменти хадамоти консулии Ҷумҳурии Қирғизистон Имангазиев Алмаз, ки дар Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи XXVI Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад, доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои консулӣ байни ду кишварро мавриди барарсӣ қарор доданд. Гузашта аз ин, ҷонибҳо омодагии худро ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳо, ки ба таҳкими робитаҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.