Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Австрия

25.07.2019 09:48

24 июли 2019 дар Вена Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Муовини вазири федералии Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Ҳелмут Тихи мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ намуда, рағбати худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона баён карданд. Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ  ва тақвияти абзорҳои иртиботии ду кишвар дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

1-aks-bo-muovini-vazir.jpg

2-aks-bo-muovini-vazir.jpg

 

Нигористон

Тақвим