4 августи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Эдуард Ауэрро бинобар анҷом ёфтани муҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи солҳои охир баланд арзёби гардид ва изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи дуҷониба беш аз пеш густариш хоҳанд ёфт.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Эдурад Ауэр дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.