Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ

11.08.2014 16:25

11 августи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Йенчаро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин як зумра масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла идоракунии захираҳои обӣ дар минтақа, робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, омодагӣ ба Саммити дарпешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва масоили Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ

Нигористон

Тақвим