Дар чорчӯбаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, мусоҳибаи хоси Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар бораи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ барои рӯзномаи “Азия-плюс” анҷом пазируфт. Мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба забонҳои арабӣ, англисӣ ва дигар забонҳо тарҷума гардида, дар нашрияҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили рӯзномаи “Ал Баён” (Аморати Муттаҳидаи Араб), маҷаллаи “The European Times” (Шоҳигарии Белгия) ва ғайра ба табъ расиданд.