21 августи соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Британияи Кабир моҳи июли соли ҷорӣ, инчунин густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дигар масъалаҳои дорои таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.