Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи Кӯдакони СММ

27.08.2014 16:46

27 августи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов хонум Лайлӣ Мошириро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корияш ба ҳайси Роҳбари Намояндагии Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот хонум Л. Моширӣ Вазирро бо дастовардҳои Намояндагӣ ва ҳадафҳои ояндаи он шинос кард.

Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷӣ аз фаъолияти хонум Моширӣ ва саҳми ӯ, инчунин мусоидати Хазинаи Кӯдакони СММ ба Ҳукумати кишвар дар таъмини ҳимоя ва кӯмак ба кӯдакон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва дар фаъолияти минбаъдаи мавсуф муваффақият орзу намуд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи Кӯдакони СММ

Нигористон

Тақвим