Таҷлили Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Чин

22.08.2019 19:04

20 августи соли ҷорӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 ва яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Пекин бо иштироки меҳмонон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвари маҳалли иқомат, намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи чинӣ, ширкатҳо ва васоити ахбори оммаи Чин, ғурфаҳои кишварҳои гуногуни хориҷии он Намоишгоҳ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Бояд қайд кард, ки 28 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкориҳои байналмилалии “Камарбанд ва Роҳ” ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони давлатҳои дигари хориҷӣ дар маросими ботантанаи ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 иштирок намуда, аз ғурфаи Тоҷикистон дар он Намоишгоҳ дидан карда буд.

Дар маросими таҷлили Рӯзи миллии Тоҷикистон Вазири кишоварзии кишвари мо Иззатулло Сатторӣ хабар дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 таҳти шиори «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ширкат дошта, дар Намоишгоҳ беш аз 30 навъи маҳсулоти боғу токпарварӣ дар шакли хушк ва тару тоза ба меҳмонон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст. Ҳамарӯза Намоишгоҳро ба ҳисоби миёна 23 000 нафар тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос мегарданд, дар бораи имкониятҳои саноатию кишоварзӣ, энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумот пайдо менамоянд.

Дар навбати худ роҳбарияти Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муҳимми минтақа, хусусан дар масири “Камарбанд ва Роҳ” арзёбӣ намуда, ба иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳ баҳои баланд дод.

Роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик карданд. Ба меҳмонон барномаи рангину ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.

Баргузории Рӯзи миллии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори оммаи кишвари маҳалли иқомат қарор гирифта, ба таври густурда бозтоб шуд.

NT2A2890-22-08-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим