Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви СҲШ

23.08.2019 09:09

20-23 августи соли 2019 дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати ҷониби Россия баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафир оид ба супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Назирмад Ализода иштирок намуд.

Ҷаласаро муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия И.Моргулов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо самтҳои авлавиятноки раёсати кишвараш дар Созмон (2019-2020) шинос кард.

Дар ҷаласа ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмон масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви СҲШ (ноябри соли 2019, Тошканд) ва Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ-ро барои соли 2020 баррасӣ намуданд.

Photo-3.jpg

7B4A8225.jpg

 

Нигористон

Тақвим