29 августи соли 2014 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба Сардори Ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷайдип Мазумдар нусхаи Эътимодномаро супорид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон, маросими супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дигар расмиёти ташрифотии кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафир дар навбати худ итминон дод, ки сайъу кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба харҷ хоҳад дод.