1 сентябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар назди устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш суханронӣ кард.
С. Аслов ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни мазкур ва оғози соли нави таҳсили 2014-2015 табрик намуд. Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ соҳаи илму маорифро дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сутуни муҳимтарини давлатдории миллӣ, нерӯи таъминкунандаи рушди устувори давлат ва омили асосии пешрафти миллат арзёбӣ кард. Дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф ва тадбирҳои муассири Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти иқтидори илмии кишвар таъкид карда шуд.
С. Аслов иброз намуд, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва омодасозии мутахассисон бо теъдоди зиёди давлатҳои хориҷӣ ба тасвиб расонида шуд ва ҳар сол ҳазорон ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар асоси бурсияҳое, ки дар натиҷаи заҳмату кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё мегарданд, дар мактабҳои олии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ дар риштаҳои мухталиф таҳсил мекунанд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар дар бунёди давлати пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи пешқадаму мутамаддин нақши барҷастаи тарбияи насли донишманд ва ватандӯстро, ки аз дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсионӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бархурдор аст, қайд намуд.