4 сентябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа ва Намояндаи доимии тозатаъйини он Бонк дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Сароҷ Кумар Ҷа Намояндаи доимии тозатаъйини Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро муаррифӣ кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои миллӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои судманди миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи Стратегияи нави Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2015-2018 ва тарҳҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои такмили идораи давлатӣ, бахши хусусӣ, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо табодули назар намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамзамон дар навбати худ зимни изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки Ҷаҳонӣ, Намояндаи доимии тозатаъйини он Бонк дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картерро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаи мавсуф дар ин вазифа муваффақият орзу намуд.