10 сентябри соли 2014 дар шаҳри Вена Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия таҳти унвони “Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон” баргузор гардид, ки ҳайати ҷониби Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев роҳбарӣ намуд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия муштаракан бо Палатаи федеролии иқтисодии Австрия ва бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар баргузор гардида, дар ҳошияи он доираи васеи соҳибкорони тоҷику австриягӣ ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ҳарду кишвар ширкат доштанд.
Бояд таъкид кард, ки чунин як чорабинии муҳими иқтисодӣ миёни ду кишвар бори нахуст баргузор гардида, бад-ин манзур симои мусбати Тоҷикистон дигарбора дар арсаи Аврпупо муаррифӣ карда шуд.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиши мазкур мусоидат ба соҳибкорони ватанӣ барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо шарикони австриягӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари он ба иқтисоди кишвар, инчунин афзоиши гардиши мутақобилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Австрия мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ, ҳайати кишвар таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро бештар ба масоили афзалиятҳову иқтидори сармоягузории кишвар, лоиҳаҳои сармоягузории дар соҳаҳои мухталиф татбиқшаванда ва низоми кафолати сармоягузорӣ ҷалб кард. Ҳамчунин, маълумоти муфассал дар бораи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон, санадҳои аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва эътирофшуда ва оиди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар манзур гардонида шуданд. Илова бар ин таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ дар самтҳои мухталиф ҳангоми боздидҳои расмии сарони ду давлат гузошта шудааст ва ҷонибҳо аз ин имконият бояд васеъ истифода бубаранд.
Ҳамзамон роҳбари ҳайат, иштирокчиёни ҳамоишро ба мулоқоти қарибулвуқӯъ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ сармоягузории Душанбе-2014, ки баргузории он санаҳои 15-17 октябри соли равон дар назар, даъват намуд.
Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни доираҳои соҳибкорон, тоҷирон, намояндагони ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Австрия гуфтугӯҳои дуҷониба сурат гирифт, ки дар он табодули афкор перомуни масъалаҳои умда, аз ҷумла оид ба ҳолати иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ матраҳ гардиданд.
Дар фароварди маърака ба маърази тамошои ширкаткунандагон маводҳои таблиғотии аниматсионӣ (флеш-ролик), руқъаҳои мавзеъҳои тамошобоб пешниҳод гардида, дастархони миллии тоҷикона низ ороста шуд.
Ҳамчунин, дар чорчӯбаи маъракаи мазкур санаи 11 сентяби соли равон бо ташаббуси Сафорат дар якҷоягӣ бо Палатаи федеролии Австрия, ташрифи ҳайати Тоҷикистон ба яке аз намоишгоҳҳои сохтмонӣ, ки берун аз Вена ҷойгир шудааст, сурат гирифт. Дар ҷараёни боздид аъзоёни ҳайат бо усулҳои замонавии ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва истифодаи масолеҳҳои сохтмонӣ дар риоя бо талаботҳои экологӣ ва сарфаи қувваи барқ, инчунин аз таҷрибаи пешқадами австриягӣ дар ин соҳа аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.