11 сентябри соли 2014 дар ш.Брюссел дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия, намояндагони баландпояи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вакилони навинтихоби Парлумони Аврупо, Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат ва корпуси дипломатии муқими Брюссел, марказҳои илмию-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои аврупоӣ, воситаҳои ахбори омма, дӯстони хориҷии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва гурӯҳи варзишгарони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар Бозиҳои аврупоии махсуси тобистонаи олимпӣ ба Белгия ташриф овардаанд, ширкат варзиданд.
Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон шодбош гуфта, перомуни дастовардҳои назарраси кишвар дар давраи истиқлолият, сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо маълумот дод.