Супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҳиндустон

15.09.2014 17:41

12 сентябри соли 2014 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ Эътимодномаи худро супорид. Маросими супоридани Эътимоднома тибқи маросими ташрифотии кишвари иқомат дар Кохи Раштрапати Бҳаван баргузор гардид.  

Пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Ҳиндустон бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон  Пранаб Мукерҷӣ расонида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ ва мудофиа ба манфиати ҷонибҳо маънидод гардиданд. Ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои ҷадиди глобалӣ ба мисли даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ низ аз бахшҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Дар фарҷоми суҳбат Сафири Тоҷикистон Президенти кишвари иқоматро итминон дод, ки тамоми саъйю кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба харҷ хоҳад дод.

Супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҳиндустон

Нигористон

Тақвим