Раисҷумҳури Миср эътиборномаи сафири Тоҷикистонро қабул намуд

15.09.2014 17:41

Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ cубҳи 14 сентябри 2014 дар Қоҳира ба Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ эътиборнома супорид.  

Раиси Ҷумҳурии Арабиии Миср, зимни арзи дуруд ба Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, ба кишвар ва мардуми мо сулҳ ва пешрафту рафоҳ орзу карда, изҳори умедворӣ намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Миср дар заминаҳои гуногун идома ёбад.

201409151241-714-10-02-2020-1155.jpg

Нигористон

Тақвим