Ифтитоҳи “Маркази фарҳангии тоҷикон” дар ш. Роттердами Шоҳигарии Нидерланд

17.09.2014 08:59

13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Роттердами Шоҳигарии Нидерланд бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд аз ҷониби диаспораи тоҷик «Маркази фарҳангии тоҷикон» ифтитоҳ ёфт. Раиси он аз ҷониби диаспораи тоҷик Абдуғаффор Сафаров интихоб гардид.  

Зимни ифтитоҳи Марказ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев ба меҳмонон дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва туристии кишвар маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки дар Маркази фарҳангӣ доираи васеи адабиёт дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ, ки аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ тақдим гардидааст, мавриди тамошо ва истифода қарор дода шудааст.

Ҳамзамон, Маркази фарҳангӣ сомонаи расмии худро таҳти суроғаи www.tajcc.com мавриди истифода қарор дод.

Нигористон

Тақвим