15 сентябри соли 2014 дар Конгресси ИМА мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим бо Сенатор Рон Ҷонсон (намояндаи штати Висконсин) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва терроризм мубодилаи афкор намуданд.
Ф.Салим зарурати лағви иловаи Ҷексон Венникро нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.