Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси мудирияти ҳолдинги “Издон”-и Давлати Қатар

18.09.2014 17:48

18 сентябри соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳайати мудирияти ҳолдинги “Издон”-и Давлати Қатар таҳти роҳбарии Раиси он шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвари дӯст, имкониятҳои сармоягузорӣ, таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суғуртаи исломӣ, тандурустӣ ва бунёди фондҳои хайриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷониби қатарӣ зимни мулоқот изҳори омодагӣ намуд, то дар татбиқи лоиҳаҳои кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси мудирияти ҳолдинги “Издон”-и Давлати Қатар

Нигористон

Тақвим