Мукофот муборак!

19.09.2014 18:30

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 23-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Сафир оид ба супоришҳои махсус Тошмад Назиров бо медали Хизмати шоиста, Сардори Шуъбаи Раёсати ташрифоти давлатӣ Раҳимҷон Носиров бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Луқмон Исоматов бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Ҳамзамон, бо Фармони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони зерини Вазорати корҳои хориҷӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд:

Абдулфайз Атоев – Сардори Раёсат;
Рашид Олимов – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Имомов Содиқ – Сардори Раёсат;
Шермаҳмад Ниёзов– Сардори Раёсат;
Гулчеҳра Умаралиева – Муовини сардори Раёсат;
Вафо Ниятбеков – Муовини сардори Раёсат;
Маҳмадалӣ Раҷабов – Сардори Шуъба;
Сангаҳмад Зауров – Мушовири Раёсат.

Нигористон

Тақвим