Таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Тошканд

24.09.2014 16:12

22 сентябри 2014 дар шаҳри Тошканд ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ ороста шуд. Дар зиёфат зиёда аз 200 нафар меҳмон ширкат варзид.

Ба сифати меҳмони фахрӣ аз ҷониби кишвари иқомат роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарону фаъолони марказҳои миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон, ходимони илму фарҳанг, ҳайати дипломатии муқими Тошканд ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, нақшу моҳияти Конститутсия ва авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон сухан ронд. Дар ин замина аҳамияти муҳими қабули Конститутсияи давлатамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушд - ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ва инчунин пойдории сулҳу субот таъкид гардид.

Муносибати хайрхоҳонаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистони ҳамсоя махсусан қайд гардид. Мулоқоти гарму самимӣ ва дорои ҳусни тафоҳуми роҳбарони давлатҳоямон дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар ш. Душанбе баланд арзёбӣ гашта, такони ҷиддии он дидор ба раванди таҳкими муносибатҳои бисёрасраи дӯстона ва мутақобилан судманди ду кишвари дӯст, зикр гардид.

Ҳунарнамоии гурӯҳҳои ҳунарии тоҷикони кишвари иқомат ва навогарони мактаби мусиқии № 23-и ш. Тошканд ба номи Ф. Назаров ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳи хоса бахшид.

Нигористон

Тақвим