23 сентябри соли 2014 дар ш.Брюссел зимни вохӯрии аъзоёни Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо таъсис ёфт. Вакили Парлумони Аврупо Ҳерберт Дорфман Раиси Гурӯҳ интихоб гардид.
Мақсади ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ин мусоидат намудан барои инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои гуногунсамтаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷӯҳи вакилон оид ба таърих, фарҳанг, вазъи кунунии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон маълумот дод.
Вакилони Парлумони Аврупо ба муносибатҳои созанда ва рӯзафзуни гуногунсамтаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, таъйид намуданд, ки барои рушди минбаъдаи онҳо чораҳои амалӣ хоҳанд андешид.