Иштирок дар маросими ифтитоҳи Саммити иқлими ҷавонон

23.09.2019 10:10

21 сентябри 2019 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими ифтитоҳи Саммити иқлими ҷавонон, ки бо даъвати Дабири кулли СММ дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, иштирок намуд.

Саммити иқлими ҷавонон майдонест, ки дар он пешвоёни ҷавон метавонанд дар бораи ташаббусу фаъолиятҳои худ дар соҳаи тағйирёбии иқлим суҳбат ва ба СММ пешниҳодҳои роҳҳалли худро манзур кунанд, инчунин бо шахсони мансабдор роҷеъ ба рӯзномаи муосир гуфтугӯ намоянд.

IMG-0078-23-09-2019-1012.jpg

 

Нигористон

Тақвим