Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли САҲА

25.09.2014 10:01

23 сентябри соли 2014 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниер мулоқот анҷом дод.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва САҲА баҳои хуб дода, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳо тасдиқ намуданд.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба масоили терроризми байналмилалӣ, зуҳуроти ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояти муташаккилонаи фаромиллӣ, паҳншавии касалии сироятӣ ва тағирёбии иқлим табодули назар карданд. 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли САҲА

Нигористон

Тақвим