23 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси иҷлоси кунунии Маҷмаи Умумии СММ Тиҷҷанӣ Муҳаммад-Банде вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни ду ҷониб дар ҳошияи иҷлоси мазкур дар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" муҳокима шуданд.
Сарвазири кишвар Раиси Маҷмаи Умумиро барои анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар фурсати муносиб даъват намуд.
