23 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони “Фарогирии умумии тандурустӣ: амали якҷоя бо мақсади созмон додани олами солимтар” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбари ҳайати кишвар, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳозиринро дар бораи дастовардҳо ва нақшаҳо дар соҳаи тандурустӣ шинос карда, иброз намуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ баҳри фарогирии ҳамаҷонибаи хизматрасониҳои тандурустӣ чораҳо меандешад.