Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳии 58-умин Конфронси генералии МАГАТЭ

25.09.2014 18:02

22 сентябри соли 2014 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена дар маросими ифтитоҳии 58-умин Конфронси генералии МАГАТЭ ширкат варзид.

Мудири кулли МАГАТЭ Юкия Амано зимни суханронии хеш ба ширкаткунандагони Конфронс оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соҳаҳои энергия ва амнияти ҳастаӣ, ҳамкории техникӣ ва паҳн накардани яроқи ядроӣ маълумот дод.

Паёми Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз ҷониби Намояндаи Олӣ оид ба масъалаҳои беяроқкунӣ хонум Ангела Кейн ба ҳамагон расонида шуд.

Дар ҷараёни Конфронс дархости Иттифоқи Коморо, Ҷумҳурии Ҷибутӣ, Ҷумҳурии Кооперативии Гайана ва Ҷумҳурии Вануату ба ҳайси аъзои Агентӣ қабул ва пазируфта шуданд.

Дар ҳошияи баргузории 58-умин Конфронси генералӣ мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон бо кормандони Департаменти кафолатҳои МАГАТЭ барои баррасии самтҳои ҳамкориҳои минбаъда баргузор гардид.     

Ҳамчунин, Намояндаи доимӣ бо Раиси 5-умин Вохӯрии шарҳии Конвенсияи муштарак “Оид ба бехатарии идоракунии сӯзишвории истифодашуда ва бехатарии партовҳои радиатсионӣ” Д.Ҳуизенга вохӯрӣ намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаи омодагӣ ба 5-умин Вохӯрии шарҳии навбатӣ, ки баргузории он 11-22 майи соли 2015 дар назар аст, муҳокима гардид.

Конфронси 58-уми генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ) то 26 сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Нигористон

Тақвим