Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби генералии Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ

25.09.2014 18:07

25 апрели соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода бо Котиби генералии Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ Кристов Бернасконӣ баргузор шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои  Тоҷикистон бо Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 баррасӣ намуданд. Дар рафти муҳокимаи мавзӯи мазкур ба К.Бернасконӣ маълумот дар бораи корҳои анҷомдодашуда оид ба омодагӣ ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба Конвенсияи зикршуда, инчунин дар бораи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба татбиқи он, расонида шуд.

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби генералии Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ

Нигористон

Тақвим