Суханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ

26.09.2019 16:48

25 сентябри соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Ҳамкорӣ байни СММ  ва созмонҳои минтақавӣ дар пойдории сулҳу суботи байналмилалӣ: нақши СҲШ, ИДМ ва СААД дар муқовимат бо терроризм” суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ аз афзоиши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ намуда, нақши созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СҲШ, ИДМ ва СААД-ро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.

С. Муҳриддин инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон Душанбе баргузор гардид, ҷалб кард.

2019-09-25-16-49-02-26-09-2019-1647.jpg

Нигористон

Тақвим