Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чехия

26.09.2014 10:22

25 сентябри соли 2014 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия Любомир Заоралек баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минбаъд тақвият хоҳанд ёфт.

Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои омодагӣ ба сафари Президенти Ҷумҳурии Чехия Ҷаноби Олӣ Милош Земан ба Тоҷикистонро, ки дар назар аст моҳи ноябри соли ҷорӣ сурат гирад, муҳокима намуданд. Зимнан, аҳамияти ҳамкориҳои наздик миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҷиҳати бомуваффақият доир гардидани он сафар, таъкид гардид.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чехия

Нигористон

Тақвим