Вохӯрӣ бо Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

27.09.2019 10:50

26 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Маъмури Барномаи рушди СММ Ахим Штайнер мулоқот намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба роҳҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ Ахим Штайнерро барои иштирок дар Конфронси бахшида ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки  дар назар аст соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, даъват намуд.

33-27-09-2019-1050.jpeg

 

Нигористон

Тақвим