Вохӯрӣ бо Мудири иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои Амнияти СММ (CTED)

27.09.2019 11:07

26 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои Амнияти СММ (CTED) Мишел Конинскс мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону CTED-ро дар самти мубориза бо терроризм мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин ҷонибҳо вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва чолишҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

IMG-2629-27-09-2019-1106.jpg

 

Нигористон

Тақвим