Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СММ

28.09.2019 12:05

26 сентябри 2019 дар ҳошияи Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар соҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва инчунин мусоидати он Созмон дар ин равандҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин пиромуни татбиқи амалии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” табодули назар намуданд.

Photo-meeting-SG-28-09-2019-1204.jpg

Нигористон

Тақвим