Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ

30.09.2019 11:10

27 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-юми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ C.Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими нақши СҲИ дар ҳалли масъалаҳои олами ислом ва таҳкими ҳамкориҳо дар ҳалли мушкилиҳои имрӯза мебошад.

Инчунин, Вазир изҳор дошт, ки Тоҷикистон мунтазам ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, аз ҷумла дар ҳошияи СҲИ ҷонибдорӣ намуда, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ чораҳои самаранок меандешад.

Aks-dar-SHI-30-09-2019-1110.jpg

Нигористон

Тақвим