
25 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе семинар таҳти унвони «Афғонистон – Осиёи Марказӣ: тиҷорат ва муҳоҷират» дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои Барномаи идоракунии сарҳадоти шимоли Афғонистон (BOMNAF) доир гардид. Дар семинари мазкур Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳамраисӣ ва суханронӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 120 намояндаи мақомотҳои сарҳадӣ ва гумрукии Тоҷикистон ва Афғонистон, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳои ду давлати ҳамсоя ва кишварҳои сармоягузор аз Иттиҳоди Аврупо, мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки мақсади баргузории чорабинии мазкур ин ташвиқ ва кӯмак ҷиҳати тақвияти иқтидор ва ҳамоҳангсозӣ ва алоқа байни Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҳукумати кишварҳои ҳамсоя – Осиёи Марказӣ дар бахши идоракунии байналмилалии сарҳадот мебошад.
Зимни суханронии худ Н. Зоҳидӣ қайд намуд, ки баргузории чунин як ҳамоиш, бо дарназардошти афзоиши таваҷҷуҳ ба тиҷорат ва муҳоҷират дар саросари ҷаҳон аҳамияти хосса дошта, умед аст, зимни баррасӣ ва табодули назарҳо, роҳҳои беҳтари густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон дар ин росто муайян карда шаванд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории наздисарҳадӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ба масъалаи ташкил ва фаъолият доштани бозорҳои тиҷорати наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон панҷ гузаргоҳи байналмилалӣ фаъолият дорад.
«Боварии комил дорем, ки ин чорабинӣ чун майдони муносиб барои муҳокимаи масъалаҳо ва мубодилаи иттилооту таҷриба истифода гардида, дар рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ мусоидат менамояд ва барои татбиқи амалии он нерӯи тоза мебахшад”, – иброз дошт Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
