Имзои иловаи №15 ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

29.09.2014 14:14

26 сентябри соли 2014 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ Иловаи №15 ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 27 январи соли 2003 ба имзо расонида шуд.

Илова ба Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ ва аз ҷониби Штатҳои Муттуҳидаи Америка Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка Сюзан Эллиотт ба имзо расониданд.

Тибқи иловаи мазкур Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амният, мубориза бо маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳо кӯмаки молиявӣ ва техникӣ дар ҳаҷми 3246667 доллари ШМА кӯмак хоҳад расонд. 

Нигористон

Тақвим