Иштироки Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи якуми Ичлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум

01.10.2014 16:26

1 октябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи  якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ – Раҳмон Озода Эмомалӣ  дар назди вакилони МНМО ҶТ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои панҷум ва шашуми рӯзномаи иҷлосия вобаста ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ, гузориш дод.

Аз ҷумла, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ – Раҳмон Озода Эмомалӣ дар баромади худ қайд намуд, ки Созишномаҳои мазкур барои тарафҳои он имкон медиҳанд, ки барои ҷойгир намудани намояндагиҳои дипломатии ҷонибҳо дар асоси принсипи мутақобила ба мӯҳлати 49 сол қитъаи заминро ҷудо карда шуда, барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Инчунин дар Созишномаҳо риояи қонунгузории миллии давлати иқомат дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ зимни лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ; озод намудан аз андозҳо, боҷ ва пардохтҳои вобаста ба сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ; барасмиятдарории ҳуқуқи моликият ба бинову иншоот ва ҳуқуқи иҷораи қитъаҳои замин; тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур; тартиби ҳалли баҳсҳо ва эътибор пайдо намудани Созишнома ба танзим дароварда мешаванд.

Тасдиқи имзои Созишномаҳоро ҳамаи вакилон якдилона дастгирӣ намуданд.

Иштироки Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи якуми Ичлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум

Нигористон

Тақвим