Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук

01.10.2014 18:12

1 октябри соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳоии гумрук Кунио Микурия, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, барпо гашт.

Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ баргузор гардид, масоили таҳкими робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти Созмони умумиҷаҳонии гумрук дар Тоҷикистон баён доштанд.

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук

Нигористон

Тақвим