14 октябри соли 2019 дар шаҳри Пекин Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Ҳафтумин Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Чунхуа вохӯрӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, аз ҷумла таъмиқи ҳамкориҳо дар доираи “Камарбанд ва роҳ” муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо ба татбиқи минбаъдаи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада аҳаммияти хоса дода, таҳкиму густариш ёфтани ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории дар баррасии ҳарду ҷониб қарордошта муҳим арзёбӣ намуданд.