Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим

16.10.2019 17:16

15 октябри соли 2019 дар Пекин Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Чин бо Раиси Бунёди Роҳи абрешим Сие Дуо вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ин ниҳоди молиявӣ ва иштироки он дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар ҳошияи “Камарбанд ва роҳ” изҳори назар намуданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки ин ташаббусро дастгирӣ намудааст ва аввалин шуда дар доираи он бо Ҷумҳурии Мардумии Чин се санади ҳамкорӣ ба имзо расондаст.

1016-2-1-16-10-2019-1716.jpg

Нигористон

Тақвим